ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Дар ҳошияи татбиқи Лоиҳаи сармоягузории обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар шаҳри Бохтар, раиси Хатлон Давлаталӣ Саид бо намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Озан Севимлӣ мулоқот кард.
Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати Хатлон, Давлаталӣ Саид аз сатҳи ҳамкорӣ бо намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ ҷаҳонӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, имкониятҳои вилоят ва шароити мусоид барои татбиқи ислоҳот, сармоягузорӣ, рушди кишоварзӣ, обёрӣ, обтаъминкуниро ба миён гузоштаст.
Аз масоили мубрам дар минтақа таъминоти об арзёбӣ мешавад ва ҷонибҳо дар мавриди натиҷаҳои тадқиқот оид ба хизматрасонии обтаъминкунӣ ва канализатсия дар вилояти Хатлон мубодилаи афкор намуданд.
Таъкид шудаст, ки барои таъмини самарабахшии сармоягузорӣ дар доираи лоиҳаи обтаъминкунӣ, беҳдошт ва партовҳо бояд механизмҳои санҷидашудаи ҳамкорӣ татбиқ гардид.
Ин механизм аз ҷумла ҳамкорӣ бо шаҳрвандон, ҷамъиятҳо, шарикони рушд ва мақомоти дахлдори давлатӣ дар ноҳияҳоро фаро мегирад. Татбиқи тарҳ аз ҷумла дар навоҳии Кӯшониён, Вахш, Балхӣ, Дӯстӣ ва Ҷайҳун баррасӣ шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки ахиран мақомоти Хатлон гуфта буданд, ки дар аксарияти шаҳру ноҳияҳои вилоят бахши хоҷагии манзилию коммуналӣ ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ нест.
Мавҷуд набудани системаи муттамаркази таъминоти оби нӯшокӣ дар маҳалҳои шаҳру деҳоти вилоят, фарсуда ва дар баъзе ҷойҳо пурра аз кор мондани шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ аз мушкилоти аслии бахш ном бурда шуда буданд.