Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Расонаҳо: тақрибан 25 ҳазор сарбози украинӣ дар ҷанг аз дасту по маҳрум монд

Теъдоди низомиёни маъюбмонда дар Украина аз шумораи низомиёни амрикоӣ дар Ироқ ва Афғонистон дар тӯли 20 сол, аллакай 1 маротиба бештар аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Дар натиҷаи даргирии мусаллаҳона дар Украина тақрибан 25 ҳазор низомии украинӣ дасту пойҳои худро аз даст доданд, ки ин аз шумораи низомиёни амрикоӣ дар Ироқ ва Афғонистон дар тӯли 20 сол 10 маротиба бештар аст.
Дар ин бора Шабакаи телевизионии Sky News бо истинод ба табиби амрикоӣ Майк Коркоран хабар дод.
Коркоран яке аз муассисони маркази тиббии ортопедия ва протез дар Иёлоти Муттаҳида аст, ки дар он бархе аз низомиёни украинӣ аз офиятбахшӣ мегузаранд.
"Ҳадди ақал 25 ҳазор украинӣ аз дасту пой маҳрум шудаанд. Муайян кардани рақами дақиқ мушкил аст - шояд бештар бошад",- гуфта мешавад дар ин матлаб.
Николай Азаров, нахуствазири собиқи Украина қаблан гуфта буд, ки Киев рақамҳои талафоти воқеиро ба хотири ҷилавгирӣ аз пардохтҳо пинҳон мекунад ва онҳоро ба теъдоди афроди нопадидшуда марбут медонад ва то охири сол талафот аз 500 хазор кас зиёд мешавад.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Нобудсозии корвони мошинҳои зиреҳпӯши Украина
Тавре раиси кумитаи дифоъи Шӯрои Федератсия Виктор Бондарев моҳи апрел гуфта буд, нирӯҳои артиши Украина хеле хароб шудаанд.
Русия аз 24 феврали соли 2022 амалиёти вижаи низомӣ алайҳи Украинаро идома медиҳад.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин вазифаи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд". Ба гуфтаи президент, ҳадафи ниҳоии амалиёт озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти Русияро кафолат медиҳад.