Мулоқоти Раҳмон бо Ҷабборов дар Ню-Йорк: Ду роҳбар чиро баррасӣ карданд?

Раисҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтои қирғизиаш дар ҳошияи мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид гуфтугӯ карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров мулоқот намуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Ба иттилои манбаъ мулоқот дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид, воқеъ дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сурат гирифтааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур дар ҷараёни вохурӣ масоили ҳамкории Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ шуд.
Ҳамчунин ҷонибҳо дар баробари муҳокимаи робитаҳои дуҷониба, инчунин оид ба рӯзномаи ҳамоиши мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид табодули андеша намуданд.
Русия: Душанбеву Бишкек бояд аз изҳороти тунд худдорӣ намоянд
Ёдовар мешавем, ки ахиран Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ба сафири Қирғизистон вобаста ба изҳороти як мақоми баландпояи ҳукумати дар мавриди марзи ду кишвар эътироз баён кард.
Вобаста ба ин сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон Эрлан Абдилдаев ба Вазорати корхои хориҷӣ даъват карда шуд.
Бояд ёдовар шуд, ки ахиран муовини нахуствазир, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Ташиев аз мақомоти Тоҷикистон даъват кард, ки аз даъвоҳои ҳудудӣ даст кашанд.