ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон Азизода Баҳодур гуфтааст, ки 265 хонаводае, ки ба ҷойҳои амн кӯчонида шуданд, аз шаҳру ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Темурмалик, Кӯлоб, Хуросон, Данғара, Ховалинг, Қубодиён ва Кӯшониён мебошанд, иттилоъ додааст сомонаи “Фараж”.
Ба иттилои вай соли 2021-ум 84 оила, соли 2022-юм 88 оила аз минтақаҳои хавфнок ба мавзеъҳои бехавф кӯчонида шуда ба онҳо заминҳои наздиҳавлигӣ дода шудааст.
“Соли 2023 тибқи нақша 91 хоҷагие, ки барои кӯчонидан ба ҷойҳои бехавф эҳтиёҷ доранд, мавриди омӯзиш қарор дода шуда, дар 8 моҳи соли ҷорӣ 91 хоҷагӣ хулосаи Саридораи геологияи назди Ҳукумати Тоҷикистонро гирфита ва ба 83 хоҷагӣ дар ҷойҳои бехавф қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардидааст”, - қайд кардааст оқои Азизода.
Вай илова кард, ки дар мавриди 8 хоҷагии боқимондаи ноҳияи Данғара чораҳои зарурӣ андешида мешаванд ва дар муҳлати кутоҳ боқимонда заминҳои наздиҳавлиӣ тақсим карда мешаванд.
Ба иттилои Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон дар ҳудуди вилояти Хатлон 315 мавзеъи хавфнок ба қайд гирифта шудааст, дар ин мавзеъҳо 23 ҳазору 590 хоҷагӣ бо 156 ҳазору 504 аҳолӣ фаъолият ва зиндагӣ мекунанд.
Ба иттилои манбаъ ба ин мавзеъҳо асосан таҳдиди офатҳои табиии сел, ярҷ, лағжиш, обхезӣ, эрозияшавии замин ва балондшавии оби канал ба қайд гирифта шудааст, гуфтанд аз ниҳоди мазкур.