ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Тоҷикистон аз рӯи суръати интернети мобилӣ дар байни кишварҳои пасошӯравӣ дар ҷои охирин будааст.
Инро Speedrest Global Index нишон медиҳад.
Тавре ки аз додаҳои пойгоҳи таҳқиқотӣ дида мешавад, кишвар дар ҷои 139-ум қарор дорад, ки аз ҳамсояҳои минтақавии худ хеле қафо мондааст.
Босуръаттарин интернети мобилӣ дар ҷаҳон дар Аморати Муттаҳидаи Араб аст - 210,89 Мбит/с. Сусттарин дар Куба 4,34 Мбит/с аст.
Дуруст, дар Туркманистон ҳам паст аст, аммо дар бораи интернети устувори мобилӣ дар онҷо маълумоти дақиқ вуҷуд надорад.
Ба интернети бесифату нархи гарон он дар Тоҷикистон на танҳо корбарон, балки раисҷумҳури кишвар низ изҳори норозигӣ карда буд.
Ӯ дар ҷаласаи васеи ҳукумат супориш дод, ки нархи интернету алоқаи мобилӣ дар ҷумҳурӣ поину сифаташон боло бурда шавад.
Дар пайи ин дастур ба гуфтаи Хадамоти алоқа, ширкатҳои мобилии Тоҷикистон дар саросари кишвар ҳудуди 340 истгоҳи базавӣ насб карданд ва кор идома дорад.
Ӯ дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ширкатҳои мобилӣ дар нимсолаи аввали соли равон дар насби истгоҳҳои базавӣ, аз он ҷумла модернизатсия, кӯчонидани базаҳо ба ҷойи нав, низ пеш рафта, даҳҳо истгоҳи базавии иловагиро дар саросари кишвар насб кардаанд.
Тибқи иттилои ин ниҳод, тайи ним соли гузашта ширкатҳои “Вавилон-Мобайл”-95, “Таком”- 39 адад, “ТТ мобайл” - 190 ва “Индиго Тоҷикистон” 15 истгоҳи базавии нав насб карда, инчунин 57 истгоҳи базавӣ аз модернизатсия гузаронида шуданд.