Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Раисӣ омодагияшро барои миёнаравӣ дар музокироти Киеву Теҳрон баён дошт

Раисҷумҳури Эрон гуфт, дар оташи низоъ дар Украина Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оташ мерезад ва зарур хонд, ки барои ислоҳи вазъ чора андешад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Теҳрон омода аст, барои қатъ кардани низоъ миёни Маскав ва Киев миёнарав шавад.
Ин нуктаро раисиҷумҳури Эрон, Иброҳим Раисӣ дар суҳбат бо расонаҳои хабарӣ иттилоъ дод. Раисӣ ИМА-ро муқассири шиддати низоъ дар Украина хонд.
"Ба ҷои афрӯхтани оташи ин низоъ барои фурӯши силоҳи бештар, ИМА бояд кӯшиш кунад, ки онро хотима диҳад", - афзуд ӯ.
Ин дар ҳолест, ки қаблан кишварҳои ғарбӣ ва Украина Теҳронро дар дастгирии Маскав муттаҳам мекарданд ва аз ҷумла иддао доранд, ки барои Русия бесарнишинҳоро таъмин месозад.
Иддаои мазкурро мақомоти Русия ва Эрон бепоя хонда, афзуданд, ки Ғарб ҳеч далеле барои исботи онро пешниҳод накардааст.
Ахиран раисҷумҳури Русия, Владимир Путин дар мавриди музокирот дар мавриди буҳрони Украина изҳор дошт, ки Маскав чунин эҳтимолиятро истисно намекунад.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Вазири Олмон гуфт, сокинони кишвараш сабаби дастгирии Украинаро намефаҳманд
Агар Иёлоти Муттаҳида боварӣ дошта бошад, ки Украина ба музокирот омода аст, бигзор онҳо фармони Зеленскийро дар бораи манъи музокирот бекор кунанд, гуфт ӯ. Қаблан Киев бо қабули як санад музокирот бо Маскавро мамнуъ карда буд ва талош дорад, аз тариқи ҳамлаи ҷавобӣ қаламравҳоро ишғол намояд.
Ба иттилои Маскав, ҳамлаи ҷавобии нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар самтҳои Южнодонетск, Артёмовск ва пеш аз ҳама дар самти Запороже рӯзи 4 июни соли равон оғоз шуда, то ҳоле ҳеч натиҷаеро надодаст.