Озарбойҷон дар бораи амалиёти зиддитеррористӣ дар Қарабоғ эълон кард

Вазорати дифои Озарбойҷон расмон дар бораи чорабиниҳои зиддитеррористӣ дар минтақаи Қарабоғи Кӯҳӣ эълон кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Озарбойҷон амалиёти "барқарорсозии сохти конститутсионӣ" дар Қарабоғро оғоз кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати дифои Озарбойҷон.
"Бо мақсади таъмини муқаррароти изҳороти сеҷониба (Москва-Боку-Ереван), рафъи иғвогариҳои густарда дар минтақаи иқтисодии Қарабоғ, халъи силоҳ ва хориҷ кардани нерӯҳои мусаллаҳи Арманистон аз қаламравҳои мо, безарар гардонидани инфрасохтори ҳарбии онҳо, таъмини амнияти шаҳрвандони баргашта ба ҳудудҳои аз ишғол озодшуда дар минтақа, хизматчиёни давлатӣ, ки ба корҳои сохтмону барқарорсозӣ ҷалб шудаанд ва ҳайати низомии мо, инчунин барқарорсозии сохти конститутсионии Озарбойҷон чораҳои зиддитеррористии маҳаллӣ оғоз менамояд”, - гуфта мешавад дар хабар.
Ба гуфтаи вазорати дифоъ, “тирандозии мавқеъҳои низомии артиши Озарбойҷон аз ҷониби воҳидҳои артиши Арманистон дар минтақаи Қарабоғ, идомаи минакорӣ дар қаламрави Озарбойҷон, корҳо оид ба такмили муҳандисии мавқеъҳои ҷангӣ ва ҳамчунин афзоиши шумораи хандакхо ва махфигоҳҳо моҳҳои охир сабаби боз ҳам афзудани шиддат дар минтақа гардидааст”.
Пашинян: Арманистон омодааст Қарабоғи Кӯҳиро ҳамчун қаламрави Озарбойҷон бишносад
“Минтақаи иқтисодии Озарбойҷон бар хилофи муқаррароти эъломияи сеҷониба, ки 10 ноябри соли 2020 ба имзо расид, манбаи таҳдиди ҷиддӣ ба сулҳу субот дар минтақа аст”, - эълон кардаас вазорати дифои ин кишвар.
Ёдовар мешавем, ки моҳи апрели соли 2023 марзбонони Озарбойҷон дар марз бо Арманистон гузаргоҳ таъсис доданд - он дар оғози роҳ дар долони Лочин, ки ба Степанакерт меравад, пайдо шуд. Таъсиси гузаргоҳро Боку шарҳ дод, ки ҷониби Арманистон роҳи Степанакерт ғайриқонунӣ истифода мебарад ва он ба амният таҳдид мекунад. Ереван дар навбати худ аз нақзи дағалонаи эъломияи сеҷониба соли 2020, ки аз ҷониби Озарбойҷон имзо шудааст эълон кард ва гуфт, бастани долони Лочин боиси фалокати башарӣ дар Қарабоғи Кӯҳӣ шудааст.
Моҳи май сарвазири Арманистон Никол Пашинян гуфт, ки Ереван соҳибихтиёрии Озарбойҷонро дар баробари қаламрави Қарабоғ эътироф мекунад.
Дар моҳи август Пашинян дар мусоҳиба бо рӯзномаи итолиёвии Repubblica гуфта буд, ки нерӯҳои посдори сулҳи Русия рисолати дар Қарабоғи Кӯҳӣ гузошташударо иҷро намекунанд ва гӯё Русия худи минтақаро тарк мекунад. Дар майдони Смоленск суханронии нахуствазири Арманистонро ғайриқобили қабул номиданд, зеро он ба ҳалли мушкилот мусоидат намекунад.