Нигаронии Кремл аз шиддати вазъ дар Қарабоғи Куҳӣ

Кремл аз роҳбарони Озарбойҷон ва Арманистон даъват кард, ки аз шиддати вазъ дар минтақа худдорӣ кунанду ба ҳалли дипломатии мушкилот баргарданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Кремл аз авҷгирии шадид дар минтақа нигарон буда, Ереван ва Бокуро даъват кард, ки аз усулҳои зӯроварию хушунат даст кашанд.
Ин нуктаро сухангӯи раисҷумҳури Русия, Дмитрий Песков дар шарҳи шиддати авзоъ дар минтақаи Қарабоғи Куҳӣ баён дошт.
Ӯ гуфт, қувваҳои мусаллаҳи Озарбойҷон бояд барои таъмини амнияти мардуми осоишта дар минтақа чораҳо андешанд.
Изҳороти Вазорати дифои Арманистон баъд аз оғози амалиёти зиддитеррористии Озарбойҷон
"Низомиёни Русия бо тарафҳо, ҳам бо Арманистон ва ҳам Озарбойҷон дар тамос буда, тамос дар сатҳи олӣ низ имконпазир аст", - гуфт сухангӯи Кремл.
Вай дар бораи имкони зиёд кардани воҳиди низомии Русия дар Қарабоғ гуфт, чунин қарорҳоро низомиён қабул мекунанд ва ин бо ҳамаи ҷонибҳо бояд мувофиқа шавад.
Песков гуфт, имконияти расидан ба ҳалли сиёсӣ ва дипломатии мушкилот вуҷуд дорад.
Кремл аз Ереван ва Боку даъват мекунад, ки санадҳои сеҷонибаи қаблан имзошударо риоя кунанд, илова намуд ӯ.
Ахиран Боку дар бораи оғози "тадбирҳои зиддитеррористӣ"-и дорои хусусияти маҳаллӣ доранд, барои барқарор кардани сохти конститутсионӣ дар Қарабоғи куҳӣ хабар дод.