ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳамоҳангсозӣ дар мавриди ташкили истифодаи системаи ягонаи шиносоиии дӯст ё душман ширкат карданд.
Дар ин бора вазорати дифоъи Беларус хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки мулоқот дар Бинои марказии афсарони Минск баргузор шуд.
Дар ин нишаст намояндагони Русия, Белорус, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Арманистон низ ширкат доштанд.
Ҷонибҳо дастур дар бораи истифодаи системаи радарҳои низомӣ ва навъи муоссиршудаи он "Гардиан"-ро баррасӣ карданд.
Вазорати дифои Беларус қайд кард, ки дар мулоқот ҳамчунин масъалаи таҳияи ҳавопаймоҳои бесарнишин барои мақсадҳои низомӣ баррасӣ шуд.
Иштироккунандагони мачлис ба масъалахои тайёр кардани парвозхои системахои радарӣ дар куввахои мусаллахи миллӣ диккати ҷиддӣ доданд.
Системаи шиносии давлатӣ –ин як ситемаи ҷангӣ мебошад, ки бо истифода аз воситаҳои он супоришҳои ҷангӣ, аз ҷумла дар замони осоишта иҷро карда мешаванд.
Яке аз ин вазифаҳо муайян кардани объектҳои ҳавоӣ ва тартиби истифода аз фазои ҳавоӣ дар қаламрави Русия ва кишварҳои узви ИДМ мебошад.