ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Сарпарасти вазорати сарҳаддот, ақвом ва қабоили толибон* муллои Нуриаллоҳи Нурӣ, ахиран дар нишасти мардумӣ ки дар вилояти Самангон баргузор шуда буд, гуфт ки дар ҳукумати толибон ҳеҷ қавме бар қавми дигар бартарӣ надорад ва ҳама дар баробари қонун яксон ҳастанд, иттилоъ додаааст “Радиои дарӣ”.
Нурӣ афзуд, ки дар Афғонистони ақвоми мухталиф зиндагӣ мекунанд ва ҳама дар низоми кунунӣ баробар ҳастанд.
Вай афзуд, ҳануз ҳам дастҳое вуҷуд дорад,ки аз беруни кишвар дар миёни миллат фитнаангезӣ мекунанд ва низоми феълиро ҳукумати як қавму қишри хос талаққӣ мекунанд.
Вазири ақвом қабоили ҳукумати толибон* афзуд, дар кишвар сулҳу амнияти барқарор шуда вале ҳануз ҳам душманони дайн бо ҳарфҳои пучи худ азҳони мардумро барҳам мезанад, пас набояд фиреби чунин ашхосиро хурд.
Гурӯҳи толибон* аз замон ба қудрат расидан дар Афғонистон аз авохири моҳи августи соли 2021 барои ҳамкорӣ ва густариши равобит бо созмонҳои байналмилалӣ, минтақа, кишварҳои минтақа ва ҷаҳон талош мекунад.
Аммо бо сабаби маҳдудиятҳо нисбати занон ва таҳсили духтарон ва такқавмӣ будани ҳукуат то ҳол ҳеҷ кишваре ҳукумати толибонро* ба расмият нашинохтааст.
*- созмонё гурӯҳе, ки барои амалҳои террористӣ таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад