ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Ахиран намояндаи Созмони ҷаҳонии беҳдошт (СБҶ) номаи расмии ин созмонро дар бораи эътирофи Муассисаи давлатии "Озмоишгоҳи миллии референсӣ"-и Вазорати тандурустӣ ҳамчун Маркази миллии мубориза бар зидди зуком дар Тоҷикистон супорид.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ номаро расман мудири минтақавии Дафтари Созмони ҷаҳонии беҳдошт (СБҶ) дар умури кишварҳои Аврупо Ҳанс Клюге ба вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода супорид.
Вазорат ёдоварӣ кардааст, ки ҳануз 6 октябри соли 2021 Вазорати тандурустӣ Муассисаи давлатии "Озмоишгоҳи миллии референсӣ"-ро ҳамчун Маркази эҳтимолии миллии мубориза бар зидди зуком дар кишвар муайян намуда буд.
Таъкид шудааст, ки СҶБ ва дигар шарикони байналмилалӣ барои таъмини озмоишгоҳ бо техникаи лозима кӯмак расонида буданд.
Қайд карда шудааст, ки моҳи марти соли 2023 Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба СУТ дархост ирсол намуд, ки Муассисаи давлатии "Озмоишгоҳи миллии референсӣ"-ро ҳамчун Маркази миллии мубориза бар зидди зуком дар Тоҷикистон расман эътироф намояд.
Тибқи баҳогузории миссияи ТУТ, ки моҳи июни соли 2023 гузаронида шуд, Озмоишгоҳи миллии референсӣ аз 100 соҳиби 96 хол гардида, як ҷузъи баландихтисоси системаи Глобалӣ оид ба назорат ва вокуниш бо зуком барои ҳифзи аҳолӣ аз ҷониби ин ташкилоти бонуфӯз эътироф гардид.
Таъкид шудааст, ки "Озмоишгоҳи миллии референсӣ" бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз буда, дар он кормандони касбӣ ва соҳибихтисос дар лабораторияи муосири вирусологӣ фаъолият мекунанд. Ин озмоишгоҳ қодир аст, то тамоми вирусҳои зукоми мавсимиро ошкор намояд.
Зикр гардидааст, ки ин озмоишгоҳ ба системаи Ҷаҳонии назорати зуком ва андешидани чораҳои зарурӣ, ки аз ҷониби Барномаи ҷаҳонии СҶБ дар мавриди зуком тавассути пешниҳоди намунаҳои клиникӣ ба Маркази ҳамкории СҶБ дар бораи маълумот ва таҳқиқоти зуком дар назди Пажӯҳишгоҳи Фрэнсис Крик дар Лондон ҳамоҳанг карда мешавад, саҳм мегузорад.
Илова бар ин, озмоишгоҳи мазкур бо Маркази миллии зукоми шаҳри Санкт-Петербург дар заминаи Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии зукоми ба номи А.А. Смородинсеви Вазорати тандурустии РУсия дар бораи ошкор кардани вируси зуком тавассути РЗП (ПЦР) низ ҳамкорӣ менамояд.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон қайд кардааст, ки чанде қабл Озмоишгоҳи миллии референсӣ дар барномаи ТУТ оид ба баҳодиҳии берунаи сифат вобаста ба ташхиси озмоишгоҳии ковид SARS-CoV-2 иштирок намуда, соҳиби баҳогузории 100% ва Сертификат шуд.