Бонки Ҷаҳонӣ барои ҳифзи оилаҳои камбизоат ва осебпазир ба ҳукумати Тоҷикистон грант дод

Бонки Ҷаҳонӣ барои ҳифзи оилаҳои камбизоат ва осебпазир аз хавфҳо барои ҳукумати кишвар маблағи бебозгашт ҷудо намудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон аз Бонки Ҷаҳонӣ (БҶ) барои татбиқи лоиҳаи “Модернизатсияи ҳифзи иҷтимоӣ ва фарогирии иқтисодӣ” грант ба маблағи 37,5 млн доллар гирифт.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ хабар додааст.
Ба иттилои вазорат ҳадафи лоиҳа дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳифзи оилаҳои камбизоат ва осебпазир аз хавфҳо, мусоидат ба фарогирии иқтисодӣ ва такмили низоми ҳифзи иҷтимоӣ мебошад.
“Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон яке аз ду муассисаи татбиқкунандаи лоиҳа - якҷоя бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мебошад”, - таъкид кардааст вазорати меҳнат.
Олмон ба Тоҷикистон барои сохтмони муассисаҳои таълимӣ грант дод
Инчунин вазорат масъулияти умумӣ барои татбиқи ҳама чорабиниҳо дар доираи Қисмҳои 2 ва 4.2 лоиҳа, аз ҷумла ӯҳдадориҳои фидусиарӣ хоҳад дошт.
Гуруҳи идоракунии лоиҳа, ки дар дохили Вазорат таъсис дода мешавад, фаъолияти ҳаррӯзаи лоиҳаро пеш бурда, мусоидати техникӣ, молиявӣ ва харид,