ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон заминларза рух дод.
Дар ин бора олимони Хадамоти геофизикии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонхабар доданд.
Заминларза бо шиддати 3-4 дараҷа соати 21:23 ба вақти маҳаллӣ сабт шудааст.
Ларзиши замин дар ҳудуди ноҳияи Ванҷ рух додааст.
Минтақаи дақиқи зилзила дар 38,38 градуси арзи шимолӣ; 72,24 градус тули шарқӣ мебошад. Маркази заминларза дар умқи 10 километр воқеъ будааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯяд, ин ҳодиса дар пай харобиву қурбонӣ надошт.
Маврид ба зикр аст, ки ин минтақа як минтақаи аз ҷиҳати сейсмикӣ фаъол буда, дар онҷо ҳамвора зилзилаҳои қувваҳои гуногун ба амал меоянд - ҳам дар қаламрави Тоҷикистон ва ҳам дар марзи Афғонистон, дар он тарафи рӯдхонаи Панҷ.
Қаблан иттилоъ дода шуда буд, ки дар ҷумҳурӣ барои арзёбии риояи меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ, регламентҳои техникӣ, сифати технологии корҳои сохтмонӣ, маводу маснуот озмоишгоҳи махсус таъсис дода шуд.
Дар баробари ин комиссия ба сифати иншоот аз руи ба зилзила тобоварӣ назорат мекунад.
Дар ҷумҳурӣ ба ин ҷихат баъд аз заминларзаи харобиовар дар Туркия диккати махсус дода шуд.