ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Сокинони Олмон сабабҳои кумаки низомии кишварашон ба Украинаро намефаҳманд.
Дар ин бора вазири корҳои хориҷии Олмон Анналена Бербок дар мусоҳиба бо хабарнигори Bloomberg иттилоъ дод.
Ба гуфтаи вай, барои бисёре аз олмониҳо сабабҳои чунин амалҳои мақомот маълум нест.
Вай қайд кард, ки саволҳои шабеҳ дар бораи аҳамияти Украина, дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико низ пайдо мешаванд.
Вазир афзуд, ки бархе аз мардум вазъи кунунии марбут ба Украинаро як сабаби эҳтимолии таваррум медонанд.
Бо вуҷуди ин, Бербок аҳамияти дастгирии дӯстони амрикоӣ ва шарикони аврупоиро барои Украина таъкид кард. Вай афзуд, ки бояд ба ҷаҳониён нишон диҳанд, ки иттифоқчиён то даму ҳадде ки лозим аст, аз Украина пуштибонӣ мекунанд.
Қаблан, вазири дифои Олмон, Борис Писториус, ба дархости шаҳрдори Киев, Виталий Кличко дар бораи додани мушакҳои дурпарвоз ба Украина бо эҳсосот вокуниш кард. Вай ба талаби додани мушакҳои дурпарвози Taurus таъкид кард, ки Олмон алакай ба Украина кумакҳои густурдаи низомӣ мерасонад ва аз оҳанги дархости Кличко изҳори норозигӣ намуд.