ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Дар ҷараёни ҳамлаи ҷавобӣ Украина аз ҳад зиёд одамонро аз даст дод, аммо натавонист дар ҷабҳапешрафти назаррас ба даст орад.
Дар ин бора соҳибкори амрикоӣ Илон Маск дар шабакаи иҷтимоии X навиштааст.
"Ин қадар марг барои чунин натиҷаи кӯчак", - гуфтааст вай.
Ҳаминтавр миллиардер як навиштаи соҳибкор Дэвид Сакс дар бораи ҳамлаи номуваффақи ҷавобии нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро шарҳ додааст.
Ахиран Маск барои амри маҳдуд кардани хадамоти интернетии моҳвораии Starlink дар наздикии Қрим ва ба ин васила ҷилавгирӣ аз ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишини дарёии Украина ба киштиҳои Флоти баҳри Сиёҳ мавриди интиқод қарор гирифт.
Ӯ ахиран ин тасмимро дар он шарҳ дод, ки намехоҳад SpaceX "дар як амали бузурги ҷангӣ" ҷалб шавад.
"Агар ман ба ин дархост розӣ мешудам, SpaceX иштирокдори амалиёти бузурги ҷангӣ ва авҷ гирифтани низоъ мешуд", - гуфт миллиардер.
Баъдтар худи миллиардер даст кашидан аз фаъол кардани Starlink-ро бо он рабт дод, ки таҳримҳои Амрико, ки ба Қрим низ дахл доранд, ба ин имкон намедиҳад.
Нерӯҳои мусаллаҳи Украина чаҳор моҳ боз дар самтҳои Донетски Ҷанубӣ, Артемовск ва Запороже амалиёти ҷавобиро бо ширкати гуруҳҳои ҷангие, ки НАТО тамрин додаву бо таҷҳизоти низомии ғарбӣ мусаллаҳ шудаанд, анҷом медиҳад.
Аммо дар ягон самти ҷабҳа муваффақият ба даст оварда натавонистанд. Талафоти артиши Украина аллакай аз 70 ҳазор нафар ва 18 ҳазор адад техника гузаштааст.
Ба гуфтаи Владимир Путин, ин на танҳо лағжиш, балки нокомист. Коршиносони расонаҳо ва низомии ИМА ва Аврупо низ менависанд, ки маъракаи тобистонаи Киев ноком шуд. Ҳамзамон, онҳо аз самаранокии майдонҳои минагузории Русия ва мудофиаи қабат ба қабати он гуфтаанд.