ИИАО ҳифзи моликияти зеҳниро тақвият мебахшад

Намудҳои асосии маҳсулоти қалбакии ошкоргардида дар қаламрави Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё либос, пойафзол, бозичаҳо, қисмҳои эҳтиётӣ ва доруворӣ будаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 сен– Sputnik. Дар қаламрави Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё беш аз 6 ҳазор ҷиноят дар соҳаи моликияти зеҳнӣ ошкор шудааст.
Дар ин бора масъули департаменти рушди соҳибкории Комиссияи иқтисодии АвруОсиё Нурҷамол Илёсова иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, намудҳои асосии маҳсулоти қалбакии ошкоршуда, инҳо либос, пойафзол, бозичаҳо, қисмҳои эҳтиётӣ ва доруворӣ мебошанд.
Дар феҳрасти чорабиниҳое, ки барои ҷилавгирӣ аз нақзи қонуншиканиҳо дар бахши моликияти зеҳнӣ равона шудаанд, ба ҷавобгарӣ кашидани қонуншиканон, тамғагузории молҳо, бастани пойгоҳҳои интернетӣ ва эҷоди системаи бақайдгирии тамғаҳои молӣ ном бурда шуд.
Бурди Тоҷикистон аз гардиши нақлиётии ИИАО
Маврид ба зикр аст, ки барои баррасии таҳкими мубориза бо колои ҷаълӣ дар ИИАО ҳамоиши байналмилалӣ дар назар аст.
Аз ҷумла анҷумани XI байналмилалии "Зидди колои ҷаълӣ - 2023" рӯзҳои 5 - 6 октябр дар шаҳри Санкт-Петербург дар назар буда, ҳадафи он ҳифзи бозорҳои кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё аз маҳсулоти қалбакӣ гуфта мешавад.
Вазири иқтисод ва сиёсати молиявии Комиссияи иқтисодии АвруОсиё, Бақитжан​​Сагинтаев, гуфт ин чорабинӣ барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа, бахши соҳибкорӣ ва мақомоти давлатӣ ба мушкилоти мубориза бар зидди колои ҷаълӣ мусоидат мекунад.