Телевизиони Туркия наворҳои таркиши 9 бинои баландошёна дар шаҳри Малатияро, ки бар асари заминларзаи моҳи феврали соли равон хисороти зиёд дида буданд, нашр намуд.
Биноҳоро бо истифода аз динамит тарконданд, чун иншооти мазкур осеби ҷиддӣ дида, аз тариқи таъмиру барқарорсозӣ имкони ба истифода баргардондани онҳо вуҷуд надошт, гуфтанд мақомоти турк.
Маврид ба зикр аст, ки рӯзи 6 феврали соли равон дар вилояти Қаҳрамонмараш дар ҷанубу шарқи Туркия заминларзаи шадиди 7,7 ва 7,6 дараҷаӣ бо фосилаи 9 соат рух дод.
Дар 11 вилояти Туркия ва ҳамчунин дар Сурия, Ироқ, Миср, Исроил, Гурҷистон ва Қибрис заминларза эҳсос шудааст.
Ба гуфтаи зилзилашиносон, ин заминҷунбӣ яке аз харобиовартарин дар минтақа дар вақтҳои охир буд.
Раисҷумҳури Туркия, Раҷаб Тайиб Эрдуғон гуфт, ки ин бадтарин офати табиӣ дар кишвар пас аз заминларзаи соли 1939 дар Эрзинҷон аст.
Якчанд вилоятҳои Туркия ва Сурия дучори харобиҳои зиёд шуданд, ки корҳои барқарорсозӣ дар онҳо ҳоло ҳам идома дорад.
Қисмате аз биноҳои осебдидаро пурра тахриб карда истодаанд, то ҷойҳо барои бунёди манзилҳои нави бехатар барои шаҳрвандони бесарпаноҳмондаро фароҳам кунанд.
Тибқи маълумоти охирин, дар Туркия дар ҷараёни заминларзаи моҳи феврал беш аз 55 ҳазор нафар ба ҳалокат расидаанд.