ДУШАНБЕ, 17 сент - Sputnik. Рақиби варзишкори тоҷик, Нурулло Алиев дар мусобиқаи UFC 295 намояндаи Лаҳистон Матеуш Ребетски хоҳад шуд.
Дар ин бора ин ташкилоти байналмилалӣ иттилоъ додаст. Маврид ба зикр аст, ки барои Алиев ин дуюмин зӯрозмоӣ дар UFC мебошад. Вай дар нахустин рақобаташ дар UFC бар рақиби бразилияш Рафаэл Алвеси моҳи феврали соли равон пирӯз шуда буд.
Ҳамакнун рақобати дуюми ӯ бо намояндаи лаҳистон санаи 11 ноябри соли равон ба нақша гирифта шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки Ребетски қаблан размикори дигари тоҷик Лоиқ Раҷабовро шикаст дода буд. То ҳол Ребетскии 30-сола 18 бурду 1 бохт дорад.
Алиеви 22-сола то ҳол 9 зӯрозмоиро анҷом дода, дар ҳамаашон пирӯз шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки соли равон барои ҳунарҳои размии омехта то ҷое бобарор арзёбӣ мешавад, чун UFC, ки аз созмонҳои бонуфузтарини ин бахш аст, феълан бо 4 намояндаи Тоҷикистон шартнома бастаст.
Дар ин ҷода аввалин Нурулло Алиев шуда буд. Баъд аз ӯ, Лоиқ Раҷабов ба UFC роҳ ёфту сипас ин созмон бо Муин Ғафуров ва Муҳаммад Наимов шартнома баст.