Шабакаи террористӣ дар Эрон безарар гардонда шуд

Нерӯҳои амниятии Эрон як шабакаи террористонро ошкор ва безарар кардаанд, ки қасди даст задан ба ҳамлаҳои интиҳорию нооромиҳо дар ин ҷумҳуриро доштанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Дар Эрон як шабакаи террористии иборат аз 15 нафар, ки қасди анҷоми як силсила ҳамлаҳои террористиро бо истифода аз маводи таркандаи худсохт доштанд, безарар гардониданд.
Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ бо такя ба созмони иктишофии Сипоҳи посдорони инқилоби исломии ин кишвар хабар доданд.
"Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ 15 нафарро аз як шабакаи созмонёфтаи террористӣ барои тавлиди таҷҳизоти таркандаи худсохт муайян ва боздошт карданд", — навиштааст расонаҳо.
Ёдовар мешавем, ки расонаҳои Эрон тайи рӯзҳои охир пайваста дар бораи фаъолияти густурдаи террористон ва ҳамчунин талошҳои анҷоми нооромиҳо дар қаламрави ҷумҳурии исломӣ гузориш медиҳанд.
Ҳамлаи террористии такрорӣ дар оромгоҳи Шоҳчароғ дар Эрон
Ин фаъолии онҳо ба солгарди даргузашти марги Маҳсо Аминӣ вобаста аст, ки дар натиҷаи он тирамоҳи соли гузашта дар ҷумҳурӣ эътирозҳои бесобиқа сурат гирифтанд.
Аминӣ 16 сентябри соли 2022 дар пайи боздошт аз ҷониби пулиси ахлоқӣ фавтида буд.
Эътирозгарон ҳукуматро дар марги Маҳсо муттаҳам карданд, ки баъд аз он занони эронӣ ба таври оммавӣ наворҳоеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр карданд, ки дар он мӯи худро кушоданд ва ҳиҷоби худро сӯзонданд.
Ҳамчунин тайи чанд муддат намоишҳои оммавӣ таҳти шиори "Зан, зиндагӣ ва озодӣ" баргузор шуда буданд, ки хусусияти сартосарӣ пайдо карданду зимни саркӯби онҳо даҳҳо нафар кушта шуда буданд.