ВУД-и Русия: Таҳдиди аслии ба кишварҳои СПАД ин интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон аст

Кормандони ҳифзи ҳуқуқи Русия амалиёти зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро бо номи “Канал-перехват”-ро анҷом доданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Дар доираи амалиёти “Канал-перехват”- тавонистаанд беш аз 897 кг маводи мухаддирро мусодира кунанд.
Тавре дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Русия дар пайи нишасти Ситоди байналмилалии ҳамоҳангсози идораи амалиёти зидди маводи мухаддири "Канал-перехват" хабар дод, таҳдиди аслии маводи мухаддир барои кишварҳои узви СПАД ин интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон аст.
Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти салоҳиятдор дар умури мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири кишварҳои узви СПАД, муовини вазири умури дохилии Русия Андрей Храпов қайд кард, ки Афғонистон ҳамчунон манбаи аслии маводи мухаддир барои минтақа боқӣ мемонад.
“Бо вуҷуди 80% коҳиш ёфтани тавлиди афюни, ҳаҷми маводи мухаддири синтетикӣ афзоиш ёфта, ба кишварҳои узви СПАД ворид мешавад. Ин барои мубориза бо таҳдиди маводи мухаддир мушкилоти ҷиддӣ ба миён меорад”, - таъкид кардоқои Храпов.
Вай гуфт, аз 11 то 15 сентябр дар қаламрави СПАД амалиёти зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири “Канал-перехват” анҷом ёфтааст.
Марзбонони ӯзбек вуруди 70 кг маводи мухаддир аз Тоҷикистонро пешгирӣ карданд - видео
Мақсади ин чорабинӣ бартараф кардани долонҳои паҳншавии моддаҳои мамнӯъ, прекурсорҳо ва аналогҳои онҳо, инчунин маводи мухаддири нави психоактивӣ буд.
Дар чаҳорчӯби ин амалиёт беш аз 897 кг маводи мухаддир, аз ҷумла марихуана, гиёҳҳои нашъадор, ҳашиш, мефедрон, метамфетамин, ҳероин, прекурсорҳо ва моддаҳои таъсирбахш мусодира карда шуд.
Дар маҷмӯъ дар ин амалиёт ҳамчунин 854 ҷинояти марбут ба маводи мухаддир, аз ҷумла қочоқ ва се мавриди шустушӯи пул ошкор шудааст.
Кормандони интизомӣ тавонистаанд 399 нафар, аз ҷумла 6 шаҳрванди хориҷиро боздошт кунанд.
ВУД-и Русия бар он аст, ки амалиёти “Канал-перехват” бомуваффақият анҷом ёфт. Ба гуфтаи ӯ амалиёти мазкур ба таҳкими ҳамкориҳои кишварҳои узви СПАД дар мубориза бо таҳдиди маводи мухаддир таъсири мусбӣ расонидааст.