Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Комиссари ҳарбии Украина тасодуфан шумори сарбозони фавтидаро ошкор кард

Комиссари ҳарбии вилояти Полтаваи Украина гуфт, ки шумори сарбозони кушташуда, ки имсол ба сафи артиш пайвастанд 90% ташкил медиҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 сен – Sputnik. Иҷрокунандаи вазифаи комиссари ҳарбии вилояти Полтаваи Украина Виталий Бережной гуфт, ки дар давоми сол Қувваҳои Мусаллаҳи Украина то 90% ҳайати шахсиро, ки тирамоҳи соли гузашта ба сафи артиш пайваста буданд, аз даст доданд, иттилоъ додааст РИА “Новости”.
Оқои Бережной дар ҷаласаи 39-уми Шурой шахри Полтава ба вакилон шикоят кард, ки дар маркази вилоят барномаи сафарбаркуниро, ки штаби генералии куввахои мусаллахи Украина тасдик кардааст, хамагй 13% иҷро карда шудааст, хол он ки дар гурӯҳҳои ҷангии артиши Украина норасоии сарбозон ба назар мерасад.
"Масалан, аз 100 нафаре, ки тирамоҳи соли гузашта ба сафи артиш пайваст, 10-20 нафараш зинда мондааст, боқимонда кушта, захмӣ ва ғайри қобили амал мебошанд", - навиштааст нашрия.
Ҳамзамон, ӯ пешниҳод кард, ки дар микроноҳияҳои шаҳр нуқтаҳои огоҳӣ таъсис дода, дар он ҷо намояндагони ҳукуматҳои маҳаллӣ ҷойгир карда шаванд, ки “барои муайян кардани ҳузури шахси ба хидмати ҳарбӣ муваззафшуда” мусоидат кунанд.
Зеленский ба поёни нохушоянди ҳамлаи ҷавобии артиши Украина эътироф кард
Оқи Бережной изҳор намуд, ки дар вилоят ба наздикӣ "бригадаи калони савора” ташкил карда мешавад, ба ин муносибат аз вакилон хоҳиш кард, ки ба ин кор ҳаматарафа ёрӣ расонанд.
Дар Украина аз 24 феврали соли 2022 низоми ҳолати низомӣ ҷорӣ шудааст, рӯзи дигар Владимир Зеленский фармон дар бораи сафарбаркунии умумиро имзо кард. Аз Украина рафтани мардони синни аз 18 то 60-сола дар давраи вазъияти низомӣ манъ аст.