ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Ширкати нақлиётии “КИТ”-и Русия ваъда додааст маблағи парвоз ба Русия, сабти патент, пардохти маблағи манзилро бар уҳда гирифта боз барои ҳар коргар 50 ҳазор рубл маош хоҳад дод, иттилоъ додааст АМИТ “Ховар” дар истинод ба дафтари матбуоти ин ширкат.
Бино гуфтаи директори департаменти ширкати нақлиётии "КИТ" Игор Долганов, ин ширкат ба ҳамлу нақли бор дар қаламрави Русия ва давлатҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё машғул аст.
Дар қаламрави Русия ва давлатхои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё 270 намояндагӣ дорад ва ба бисёр нуқтаҳои аҳолинишини дур аз марказҳои нақлиётии федеролӣ бор мекашонад.
"Мо як ширкати босуръат рушдёбанда ҳастем ва барои самаранок таъмин намудани ҳаракати ҳамлу нақли бор ба корманд эҳтиёҷ дорем. Ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки мехоҳанд дар ширкати мо кор кунанд, чунин имтиёзҳо пешбинӣ шудааст: пардохти маблағи парвоз ба Федератсияи Русия, сабти патент аз ҷониби корфармо, пардохти маблағи манзил ва 50 ҳазор рубл маош", — гуфт директор.
Ширкат ба коргарон шароити бехавфи меҳнат, ҳифзи меҳнат ва бехатарии меҳнатро дар ҷойи кор муҳайё намуда, сари вақт додани музди меҳнатро ваъда додааст.