Эҳзори сафири Қирғизистон ба Вазорати хориҷаи Тоҷикистон

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ба сафири Қирғизистон вобаста ба изҳороти як мақоми баландпояи ҳукумати дар мавриди марзи ду кишвар эътироз баён кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон Эрлан Абдилдаев ба Вазорати корхои хориҷӣ даъват карда шуд, иттилоъ додааст вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон.
Тибқи иттилои манбаъ, зимни суҳбат ҷониби Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи сафир Қирғизистон ба масъалаҳое, ки 15 сентябри соли равон ба миён омада буданд, расонида шуд.
ВУХ таъкид кардааст, ки дар фазои иттилоотӣ изҳороти як мақоми баландпояи ҳукумати Қирғизистон дар масъалаҳои марзи Тоҷикистону Қирғизистон нашр шуд.
Ба дипломати қирғиз расонида шуд, ки ин гуна изҳорот метавонад ба пешрафти раванди музокирот дар мавриди делимитатсия ва аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон ва ба эътимоди муштаракро таъсири манфии ҷиддӣ мерасонад.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Қаноатмандии Тоҷикистону Қирғизистон аз вазъият дар марз
Ёдовар мешавем, ки ахиран муовини нахуствазир, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Ташиев аз мақомоти Тоҷикистон даъват кард, ки аз даъвоҳои ҳудудӣ даст кашанд.