ДУШАНБЕ, 16 сен - Sputnik. Ба иттилои обуҳавошиносони тоҷик дар аксари ноҳияҳои вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чангу ғубор боқӣ мемонад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона то 15 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то то 20 дараҷа гарм, рӯзона то 32 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона аз 5 дараҷа гарм то 5 дараҷа хунук ва рӯзона то 20 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона то 18 дараҷа гарм, рӯзона то 31 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона то 12 дараҷа ва рӯзона то 27 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона то 22 дараҷа гарм, рӯзона то 36 дараҷа гарм, мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона то 22 дараҷа гарм, рӯзона то 35 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона то 15 дараҷа гарм, рӯзона то 30 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво шабона то 20 дараҷа ва рӯзона то 33 дараҷа гарм мешавад.