Поёни сафари Алиев ба Душанбе

Раҳбари Озарбойҷон пас аз иштирок дар Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба ҳайси меҳмони фахрӣ аз шаҳри Душанбе ба Боку баргашт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 сен – Sputnik. Раисҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев, ки дар Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба ҳайси меҳмони фахрӣ иштирок дошт сафари кориашро ба Тоҷикистон анҷом дод.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиевро Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи иштирок дар Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо кишвардори Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот намуд.
Тоқаев, Ҷабборов, Мирзиёев, Алиев ва Бердимуҳаммадов вориди Душанбе шуданд
Зимни мулоқот, маҷмуи масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Озарбойҷонро мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин масъалаҳои алоҳидаи рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ муҳокима гардиданд.
Ҳамзамон Илҳом Алиев дар Кохи Борбад дар ҳошияи Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ҳамроҳ бо сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар барномаи фарҳангии "Шоми дӯстӣ" иштирок намуда, пас аз он дар шаҳри Душанбе бо Намоишгоҳи молистеҳсолкунандагони давлатҳои Осиёи Марказӣ шинос шуд.