ДУШАНБЕ, 15 сен – Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо роҳбарияти Ширкати куҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин мулоқот анҷом дод, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.
Ба иттилои манбаъ, дар мулоқот фаъолияти кунунии ширкат ва таъмини уҳдадориҳои дар назди он гузошташуда мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Раиси вилояти Суғд ёдовар шуд, ки Ширкати куҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин аз калонтарин корхонаҳои саноатии вилояту ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, саҳми он дар пешрафти саноат назаррас аст.
Дар корхона асосан консентрати сурб ва консентрати руҳ истеҳсол мешавад.
Раҷаббой Аҳмадзода дар мулоқот зарур шуморид, ки иқтидорҳои истеҳсолӣ пурра истифода гардида, бо назардошти талаботи рӯз ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот зиёд карда шавад.
“Ҳамзамон саҳмгузории ширкат дар бунёди иншооти иҷтимоӣ бояд бештар гардад”, - таъкид кард раиси вилояти Суғд.