ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Бо мақсади ҳифзи солимии равонии кӯдакон дар кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) тавсия дар бораи маҳдуд кардани фурӯши баъзе бозичаҳо қабул карда шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Комиссияи иқтисодии АвруОсиё хабар додааст.
Ҳамин тариқ, ба давлатҳои иттиҳодия тавсия дода шудааст, ки имкони истифодаи мафҳуми "маҳсулоти иттилоотӣ"-ро нисбат ба молҳое, ки ба саломатии кӯдакон ва рушди онҳо зарар расонида метавонанд, баррасӣ намоянд.
Зери назорат чунин молҳое ба монанди киф, борхалта, велосипедҳо, либосҳо, лавозимоти мактабӣ, ки метавонанд тасвирҳои "даҳшатнок" дошта бошанд, таҳти назорат гирифта мешаванд.
Комиссия аз рӯи натиҷаҳои баррасӣ тағйироту иловаҳо ба регламентҳои техникии Иттиҳоди гумрукӣ "Дар бораи бехатарии бозичаҳо" омода мекунад.
Манбаъ таъкид кардааст, ки ин иқдом ба ҳифзи кӯдакон аз таъсири манфии равона шудааст.