Дар Русия курси мутобиқшавӣ барои муҳоҷирони Осиёи Марказӣ оғоз шуд

Айни замон аллакай курси мутобиқшавӣ барои муҳоҷирони корӣ дар Калининград, вилояти Маскав, Перм ва Краснодар роҳандозӣ шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 сен – Sputnik. Дар Русия як курси мутобиқшавӣ барои муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ таҳия шудааст.
Дар ин бора, раиси Агентии федеролии миллатҳои Русия Игор Баринов хабар дод.
"Курси мазкур якчанд мавзӯъҳои асосиро дар бар мегирад - пеш аз ҳама, қонунгузории муҳоҷират, аз ҷумла тартиби бақайдгирӣ ва пур кардани ҳуҷҷатҳои дахлдор, инчунин меъёрҳои рафтор дар ҷомеаи Русия", - иброз дошт ӯ.
Тибқи иттилои ТАСС, муҳоҷирони корӣ дар ҳоли ҳозир дар Калининград, вилояти Маскав, Перм ва Краснодар ба ин курс ҷалб шудаанд.
"Вазифаи асосӣ коҳиш додани ташаннуҷ дар муҳити муҳоҷират, баланд бардоштани саводнокии ҳуқуқии онҳо аст, то мардум бидонанд, ки чӣ кор кардан мумкин аст, чӣ кор кардан мумкин нест ва чӣ ногузир боиси ҷазо мешавад", - шарҳ дод роҳбари агентии федералӣ.
Баринов қайд кард, барои онҳое, ки ба Русия барои кор меоянд, қонунгузории Русияро риоя мекунанд, ба низоми ҳуқуқӣ ва муҳити фарҳангии Русия ворид мешаванд, “дарҳо боз ҳастанд” ва курси таҳияшуда ба мутобиқшавӣ мусоидат хоҳад кард.
Ҳам осону ҳам мушкил: Путин роҳи кам кардани ниёз ба муҳоҷирони кориро гуфт
Қаблан президенти Русия Владимир Путин, гуфта буд, ки ин кишвар бояд таҷрибаи кишварҳои ғарбиро ба инобат гирад, ки ба далели афзоиши шумори муҳоҷирон дар онҷо гурӯҳҳои хатарнок ба вуҷуд омадаанд.