ДУШАНБЕ, 14 сен – Sputnik. Президентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе Изҳороти муштаракро аз рӯи натиҷаҳои Вохӯрии панҷуми имзо карданд.
Дар баробари ин, дар чорчӯби Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ вазирони корҳои хориҷии давлатҳо 2 санади нав имзо карданд:
Созишнома оид ба таҳкими ҳамбастагии нақлиёти заминӣ дар Осиёи Марказӣ;
Созишнома миёни Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон оид ба самтҳои умумии сиёсати ҷавонон.
Президенти Тоҷикистон ба ҳамаи кишвардорон барои дастгирии кӯшишҳои Тоҷикистон изҳор сипос намуда, ба раисиҷумҳури Қазоқистон бораи баргузории Вохӯрии навбатӣ, барору комёбӣ орзу намуд.
Дар навбати худ, президентҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Эмомалӣ Раҳмон барои дар сатҳи баланди ташкилӣ доир намудани ҳамоиш баҳои баланд доданд ва барои меҳмоннавозии гарму самимӣ изҳори сипос карданд.
Ногуфта намонад, ки бо қарори сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ раиси Халқ Маслаҳати Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов бо "Нишони фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ" сарфароз гардонида шуд.