Ҷавонони соҳибкори Осиёи Марказӣ дар Душанбе ҷамъ меоянд

Дар Форуми соҳибкорони ҷавони Осиёи Марказӣ, ки дар душанбе баргузор мешавад соҳибкорони ҷавон иштирок ва табодули таҷриба менамоянд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Дар ҳошияи Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал дар шаҳри Душанбе Форуми соҳибкорони ҷавони Осиёи Марказӣ баргузор мегардад.
Дар ин бора Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Тоҷикистон хабар додааст.
Дар кори Форуми соҳибкорони ҷавони Осиёи Марказӣ соҳибкорони ҷавон аз давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок ва табодули таҷриба менамоянд.
Форуми мазкур ба пурзӯр намудани робитаҳои тиҷоратӣ байни соҳибкорони ҷавони Осиёи Марказӣ мусоидат менамояд.
Созиши соҳибкорони тоҷику қазоқ дар ҳаҷми даҳҳо млн доллар
Ёдовар мешавем, ки дар пойтахти Тоҷикистон 14-15 сентябри соли 2023 зери раёсати Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вохӯрии панҷуми ҷашнии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мегардад.
Ҳамзамон дар ин рӯзҳо дар пойтахти Тоҷикистон баргузории ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал ба нақша гирифта шудааст.