Илҳом Алиев ва Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов ба Душанбе меоянд

Раисҷумҳури Озарбойҷон нахустин раҳбари кишвари ғайри Осиёи Марказист, ки ба нишасти машваратии сарони давлатҳои минтақа даъват шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиёв ва раисҷумҳури пешини Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов ҳамчун меҳмони фахрӣ дар нишасти машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок хоҳанд кард.
Дар ин бора Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон хабар додааст.
“Кишвардори Озарбойҷон Илҳом Алиев ба Тоҷикистон меояд ва ба ҳайси меҳмони фахрӣ дар нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки рӯзҳои 14-15 сентябр дар Душанбе баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард”,- иттилоъ дод вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.
Ҳамин тариқ, барои нахустин бор дар ин ҳамоиш раҳбари кишвари ғайри Осиёи маркзӣ ширкат хоҳад кард.
Тибқи барномаи чорабинӣ мулоқоти дуҷонибаи раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Алиев ва суханронии оқои Алиев дар мулоқоти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар назар аст.
Вазирон созиш карданд: Тарҳи созишнома ба имзои президентҳои Осиёи Марказӣ пешниҳод шуд
Қаблан сарони кишварҳои ғайри Осиёи Марказӣ дар ҷаласаҳои машваратӣ, ки аз соли 2018 баргузор мешаванд, ширкат намекарданд.
Ҳамчунин вазорати хориҷаи Тоҷикистон хабар додааст, ки ҳамчун меҳмони фахрӣ ба Душанбе Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов даъват шудааст.
Ҳамзамон таъкид шудааст, ки дар доираи нишаст мулоқоти дуҷонибаи Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин бо президентҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Турманистон ва Ӯзбекистон дар назар аст.
Ҳамчунин дар назар аст, ки дар ҷаласа ҳамаи сарони давлатҳо суханронӣ кунанд.