ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Ҳаҷми корҳои сохтмонӣ дар ҳудуди Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар моҳҳои январ-июли соли 2023 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,2% афзоиш ёфтааст.
Дар ин бора сомоани Шуъбаи таъминоти иттилоотии Раёсати протокол ва таъминоти ташкилии Комиссияи иқтисодии АвруОсиё хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, афзоиш дар тамоми кишварҳои узви Иттиҳодияи АвруОсиёба қайд гирифта шудааст.
Аз ҷумла дар Арманистон – 43,9%, Қирғизистон – 26,7%, Қазоқистон – 12,2%, Беларус – 11,7%, Русия – 8,7% мушоҳида шудааст. Ҳаҷми ба истифода додани манзил дар саросари Иттиҳодияи АвруОсиё 0,3% афзудааст.
Дар гузориши ин ниҳод ҳамчунин дар бораи истеҳсоли саноатӣ ва кишоварзӣ, ҳамлу нақли бор ва мусофирон ва ғайра маълумотҳо оварда шудаанд.
Маълумоти муфассалтари оморӣ дар саҳифаи Департаменти омори Комиссияи иқтисодии АвруОсиё дар бахши “Нишондиҳандаҳои асосии иҷтимоию иқтисодӣ дар қаламрави кишварҳои ИИАО” оварда шудааст.