Рустами Эмомалӣ: таҳкими ҳамкорӣ бо Ӯзбекистон аз афзалиятҳои сиёсати давлати мост

Мулоқоти раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон, Рустами Эмомалӣ бо раиси Сенати Олий Мажлиси Ӯзбекистон, Танзила Нарбаева
Раисони палатаҳои болоии парламентҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон вазъ ва дурнамои муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Созишномаи ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва Сенати Олий Мажлиси Ӯзбекистон ба имзо расид.
Имзои санад дар доираи сафари кории раиси палатаи болоии парлумони Ӯзбекистон, Танзила Нарбаева дар Душанбе сурат гирифт.
Ба иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси миллӣ, Нарбаева дар мулоқот бо ҳамтои тоҷикаш, Рустами Эмомалӣ вазъ ва дурнамои муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро баррасӣ намуд.
 Очередная встреча рабочих групп Совместной таджикско-узбекской демаркационной комиссии
Анҷоми музокироти якҳафтаинаи мақомоти Тоҷикистону Ӯзбекистон
Рустами Эмомалӣ таъкид кардаст, ки рушди ҳамаҷониба ва таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо Ӯзбекистон дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон мавқеи афзалиятнокро ишғол намуда, инъикосгари талошҳо ва ҷавобгӯи манфиатҳои аслии ду халқи бо ҳам дӯст мебошад.
Вай изҳор доштаст, ки ҳамсоягии нек, ҳамкории мутақобилан судманд ва боназардошти эҳтироми манфиатҳои тарафайн, аз озмоишҳои зиёд гузашта, ба сатҳи шарикии стратегӣ расидаанд.
"Имрӯз робитаҳои байни ду давлат дар соҳаҳои сиёсию дипломатӣ, тиҷорати иқтисодӣ, илмиву техникӣ, фарҳангиву гуманитарӣ, ҳарбию техникӣ ва дигар соҳаҳо бомуваффақият рушд мекунанд", - гуфт раиси Маҷлиси миллӣ.
Ҷонибҳо омодагии хешро ҷиҳати тақвияти муколамаи байнипарламентӣ ва таъмини рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ бо назардошти манфиатҳои мардумони ду кишвар баён доштаанд.