ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ният доранд, ки барои рушди хизматрасониҳои нақлиётӣ ва логистикӣ, таъсиси анборҳо, иқтидорҳои истеҳсолӣ, таҳкими робитаҳои тиҷоратӣ шароити зарурӣ фароҳам оранд.
Ин нукта дар Эъломияи муштараки вазирони нақлиёти кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар нахустин мулоқот дар Душанбе қабул шуд, таъкид гардидаст.
Ба иттилои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, дар эъломия таъкид шудааст, байни давлатҳои минтақа ва дигар кишварҳо низ равобит таҳким бахшида мешаванд.
Ҷонибҳо нақши муҳими нақлиёт ва логистикаро ҳамчун заминаи наздикшавии кишварҳо, пешбурди тиҷорати байналмилалӣ, равнақи иқтисодиёт ва рушди устувор махсус таъкид намуданд.
Инчунин таҳким ва тавсеаи имкониятҳои занҷири таъминот барои кишварҳои минтақа тавассути долонҳои мултимодалӣ муҳим хонда шудааст.
Дар Эъломия баён ёфтааст, кишварҳо ҳамкориро бо истифода аз платформаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, ки ҳадафи онҳо рушд ва такмил додани хатсайрҳои ҳамгирошудаи нақлиётӣ ва робитаҳои байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дигар давлатҳо мебошад, тақвият хоҳанд дод.
Тавофуқ шудааст, ки ҷонибҳо имконоти гурӯҳҳои кории дуҷонибаро ҳамчун воситаи муҳими рушди ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва логистика дар минтақа афзоиш медиҳанд.