ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Тоҷикистон қасд дорад барои иҷрои тарҳҳо дар бахши нақлиёт 6,3 миллиард доллар ҷалб кунад.
Ин нуктаро вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Азим Иброҳим дар нахустин нишасти вазирони нақлиёти кишварҳоши Осиёи Марказӣ дар Душанбе баён дошт.
"Солҳои наздик бо ҷалби тақрибан 6,3 млрд доллар лоиҳаҳои наверо амалӣ месозем, ки ба тағйири назаррас дар сохтору нақшаи боркашонии байналмилалӣ, самаранокии ҳамгироӣ ва рушди иқтисодӣ мусоидат мекунанд", - гуфт вазир.
Азим Иброҳим гуфт, кор барои истифодаи муассир аз долони Тоҷикистон – Ӯзбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия – Аврупо амалӣ шуда истодааст, ки кӯтоҳтарин масир аз марзи Чин тавассути минтақаи Осиёи Марказӣ ба Аврупо хоҳад буд.
"Ин долон ба эҳёи Роҳи бузурги абрешим ва ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ мусоидат мекунад", - илова намуж вазири нақлиёти Тоҷикистон.
Нишасти нахустини вазирони нақлиёти кишварҳои Осиёи Марказӣ дар доираи Мулоқоти панҷуми машваратии сарони Давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки 14-15 сентябр дар пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад, доир гардид.
Дар нишаст таҳти раёсати Азим Иброҳим, ҳамчунин вазири нақлиёти Қазоқистон Марат Карабаев, вазири нақлиёти Ӯзбекистон Илҳом Маҳқамов ва директори Агентии нақлиёт ва коммуникатсияи назди Девони вазирони Туркманистон Мамметхон Чакиев иштирок ва суханронӣ карданд.