ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) ҳамлу нақл ва содироту воридотро ба Шарқ бозгардон мекунанд.
Ин нуктаро вазири энергетика ва инфрасохтори Комиссияи иқтисодии Авруосиё, Арзибек Кожошев баён дошт.
Вай қайд кард, ки ба шарофати ин чархиш кишварҳои иттиҳод ва шарикони онҳо, ки аз ҷумла Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва инчунин Чин, Эрон, Ҳиндустону ва давлатҳои Ховари Миёна имкониятҳои нави ҳамкориро пайдо мекунанд.
Кожошев изҳор дошт, ки аллакай дар ин самт бо Ӯзбекистон, Туркманистон ва Эрон корҳо бомаром идома доранд.
Ба гуфтаи ӯ, таҷдиди самти ҳамлу нақл, на танҳо бозорҳои нави савдоро боз мекунад, балки суботи иқтисодӣ ва афзоиши ҳаҷми гардиши мол бо кишварҳои шарикро низ таъмин мекунад.
Қобили зикр аст, ки дар шаҳри Душанбе низ вазирони нақлиёти кишварҳои Осиёи Марказӣ гирди ҳам омадаанд, ҳамкориҳо дар бахшро тақвият бахшанд.