ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия чандон зиёд набуда, ҳамагӣ баробар ба 3,7% аз маҷмӯи умумии коргарон дар иқтисодиёт мебошад.
Ин нуктаро раисҷумҳури Русия, Владимир Путин зимни Форуми иқтисодии шарқӣ дар Владивосток баён дошт.
Муҷрии чорабинӣ гуфт, тибқи пажуҳиши Мактаби олии иқтисодӣ барои дар сатҳи 146 млн нафар нигоҳ доштани аҳолии Русия ҳар сол давоми 80 сол бояд ба кишвар 390 ҳазор муҳоҷир ворид карда шаваду дар сурати раванди манфӣ бояд 1,1 млн нафар ворид гарданд.
Ӯ бо зикри ин омор аз Путин суол кард, ки оё хатареро намебинад, чун дар бархе аз кишварҳои ғарбӣ минтақаҳои алоҳидаи муҳоҷирон пайдо шудаанд, ки ҳатто пулис наметавонад ба он ҷо роҳ ёбад.
Раисҷумҳури Русия изҳор дошт, ки албатта ин вазъро ба назар бояд гирифту набояд ба он роҳ дод.
Путин таъкид кард, ки дар масъалаи муҳоҷирон барои Русия осонтар аст, чун онҳо аз кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ворид мегарданду роҳбарони ин кишварҳо низ зарурати кор бо онҳо қабл аз сафарро дарк мекунанд.
Вай аз ҷумла зарурати омӯзиши забон, фарҳанг ва қонунгузории Русияро зикр намуда, илова кард, ки албатта набояд боиси нороҳатии шаҳрвандони бумӣ шаванд, чун манофеи онҳо дар мадҳи аввал мебошад.