ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Теъдоди қурбониёни заминларза дар Марокаш ба 181 нафар афзоиш ёфтааст.
Тибқи маълумоти ахир, бар асари зилзила дар маҷмӯъ 2862 нафар ба ҳалокат расидаанд.
Дар ин бора хабаргузории Reuters бо такя ба маълумоти телевизиони давлатӣ хабар додааст.
Мақомот ҳамчунин хабар медиҳанд, ки шумори захмиён ба 2562 нафар расидааст.
Дар ҳоли ҳозир, гурӯҳҳои наҷотбахшӣ ба тоза кардани харобаҳо ва ҷустуҷӯи мурдагон ва захмиён идома медиҳанд.
Ҳамзамон тимҳои ҷустуҷӯӣ аз кишварҳои дигар барои кӯмак ба сокинони Марокаш омаданд.
Гуфта мешавад, ки дар зери хонаҳои харобшуда то ҳол зиндамондагон боқӣ мондаанд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 8 сентябр дар ин кишвар заминларзаи шиддаташ 7 балл рух дод, ки давоми 120 соли ахир назир надошт.
Маркази заминларзаи изтирорӣ дар музофоти Эл-Хауз буд, ки бахше аз минтақаи Марракеш-Сафӣ аст.
Бар асари ин ҳодиса бисёр биноҳои истиқоматӣ ва як қатор иншооти дорои арзиши фарҳангию таърихӣ хароб ва осеб диданд.
Дар ин пайи ин ҳодиса дар мамлакат мотами серуза гузашт.