ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Беш аз 2 ҳазор донишҷӯй тавассути "Маркази барномаҳои байналмилалӣ"-и Тоҷикистон дар хориҷи кишвар, аз ҷумла дар давлатҳои пешрафта таҳсил кардаанд.
Дар ин бора мудири "Маркази барномаҳои байналмилалӣ", доктори илми ҳуқуқшиносӣ Рамазон Одиназода ба нашрияи "Ҷумҳурият" иттилоъ додаст.
Ба гуфтаи ӯ, беш аз 90%-и онҳо то ба ҳол ба Ватан баргашта, бо ҷойи кори мувофиқ таъмин гаштаанду дар пешрафту тараққиёти соҳаҳои муҳим саҳм доранд.
Одиназода афзуд, ки фисади муайяни ин донишҷӯён бо сабабҳои муайян, аз ҷумла идома надодани таҳсил ва ё хориҷ шудан, ба ҷойи кор барнагаштаанд.
"Комиссияи ҷумҳуриявӣ донишандӯзонеро барои таҳсил ба хориҷи кишвар тавсия медиҳад, ки тавре зикр шуд, лаёқатноканд, 4-5 забони хориҷиро медонанд", - гуфт ӯ.
Вай афзуд, хароҷоти таҳсил аз ҳисоби Фонди махсуси президенти Тоҷикистон пардохт мегардад.
Аз талаботи дигар он будааст, ки довталабону донишҷӯён бояд ихтисосеро биомӯзанду фаро бигиранд, ки кишвар ба он ниёзманд аст.