ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Беҳтар аст, ки муваққатан равобити дипломатиро бо Иттиҳодияи Аврупо қатъ намоем ва дипломатҳоро ба Русия баргардонем, гуфт Дмитрий Медведев, муовини раиси Шӯрои амнияти ин кишвар, гуфт дар telegram-канали худ.
"Беҳтар мебуд, танҳо як муддат равобити дипломатиро бо Иттиҳодияи Аврупо қатъ кунем. Ва кормандони дипломатиро ба кишвар баргардонем. Он гоҳ аблаҳон беҳуда дар Брюссел дастаҷамъона бигзор сахт битарсанд. Зеро сафоратхонаҳо пеш аз рӯйдодҳои хеле мушаххас тахлия мешаванд”, - навиштааст Медведев.
Ба ақидаи ӯ, раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо “бевосита ва бидуни ҳеҷ баҳона ба ҳамаи русҳо гуфтаанд: шумо барои мо шаҳрвандони дараҷаи дуюм ҳастед”.
Оқои Мдеведев илова кард, ки ин тасмим бешубҳа муҷозоти "режими таҷовузкоронаи Кремл" нест. Ин як беҳурматӣ барои ҳар як шаҳрванди Русия аст.
“Дар ин бора мо бояд чӣ кор кунем? Бешубҳа барои шаҳрвандони кишварҳои аврупоӣ маҳдудиятҳои ҷавобӣ ҷорӣ накунем. Мо нажодпараст нестем, бар хилофи бисёре аз раҳбарони он кишварҳое, ки хешовандонашон дар СС хидмат кардаанд. Онҳое, ки ба мо меоянд, маъмулан Русияро дӯст медоранд ва қадр мекунанд”, - гуфт муовини раиси Шӯрои Амният.
Ёдоварӣ мекунем, ки ҳафтаи гузашта Комиссияи Аврупо тавзеҳ дод, ки дар чаҳорчӯби таҳримҳои ҷорӣ ворид шудан ба кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо бо мошинҳои дар Русия сабтиномшуда ва интиқоли баъзе ашёи шахсӣ, ба мисли смартфонҳо мамнӯъ аст.