Ҷавонӣ рафту зӯри бозу не: Паҳлавони солхӯрдаи тоҷик қаҳрамони ҷаҳон шуд

Дар мусобиқаи мардон дар вазни 64 кило байни устодони синашон аз 65-сола боло паҳлавони тоҷик ба унвони қаҳрамонӣ ва медали тило даст ёфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Паҳлавони собиқадори тоҷик, Олимхон Алихонов, дар мусобиқоти қаҳрамонии самбо миёни устодон соҳиби унвони қаҳрамонӣ шуд.
Ба иттилои телевизиони "Варзиш", мусобиқаи мазкур дар шаҳри Уралски Қазоқистон рӯзҳои 8 - 10 сентябр баргузор гардида, Алихонов дар он соҳиби нишони тило шуд.
Манбаъ афзуд, ки мусобиқот бо иштироки 340 варзишгари 35-сола ва аз он боло дар риштаи самбои варзишӣ миёни мардон ва занон сурат гирифта, иштирокдорон мувофиқи синашон гуруҳбандӣ шуда буданд.
Олимхон Алихонов дар мусобиқаи мардон дар вазни 64 кило байни устодони синашон аз 65-сола боло ғолибиятро ба даст овардааст.
Тоҷикистон тими Лаосро шикаст дод
Вай дар даври ниҳоӣ бо Владимир Қизилбош аз дастаи FIAS ё худ Федератсияи байнулмилалии самбо вориди майдон шуда, соҳиби медали тило ва рақибаш барандаи медали нуқра гардид.
Ду паҳлавони қазоқ - Серикбой Кабакбоев ва Алмаз Mусобеков дар ин вазн нишонҳои биринҷиро ба даст овардаанд.
Дар маҷмуъ Тоҷикистонро мусобиқаи байналмилалии мазкур 6 варзишгар дар рақобатҳои самбои варзишӣ миёни мардон Олимхон Алихонов, Иззатулло Юнусов, Саттор Сайфиддинов, Замонҷон Умаров, Муҳаммадшариф Зикруллоев ва Саймурод Одинаев намояндагӣ намуданд.