Маршал Дӯстум: Гурӯҳи толибон* ё таслим мешаванд ё нобуд

Раҳбари ҳизби ҷумбиши миллӣ Афғонистон ахиран гуфт, рӯзе мерасад ки мардум гуруҳи толибонро* бо санг ва чӯб аз сари қудрат меронанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Раҳбари ҳизби ҷумбиши миллии Афғонистон маршал Абдурашиди Дӯстум ахиран дар як ҳамоише бахшида ба 22-умин солрӯзи террори Аҳмадишоҳи Масъуд гуфт, ки аз барномаҳои ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва Аҳмади Масъуд пуштибонӣ мекунад.
“Рӯзе мерасад, ки мардум толибонро* бо санг ва чӯб меронанд, ин гурӯҳ маҷбуранд ё таслим шаванд ва ё нобӯд мешаванд”, - гуфт Дӯстум.
Раҳбари ҳизби ҷумбиш миллӣ гуфт, ки онҳо бекор нанишастаанд, қотеъ ба пеш меравем ва ба атрофиҳои худ гуфтам қавӣ кор кунанд.
Ёдоварӣ мекунем, ки 9 сентябри 2001 ду муҳоҷими Марокашӣ дар пушиши хабарнигори даст ба террори Аҳмадшоҳ Масъуд заданд ва 2 рӯз пас аз ҷон бохтанаш ҳодисаи 11 сентябри 2001 рух дод.
Сайёф, Нур, Муҳаққиқ, Дӯстум, Тодинхон: иттиҳоди нави зиддитолибонӣ арзи вуҷуд кард
Қаблан Абдурашиди Дустам дар саҳифаи твиттерии худ навишгта буд, ки Амрико бояд тавзеҳ бидиҳад ки натиҷаи ду соли ҳимояти молӣ ва таъомул бо тероризми толибон дақиқан чаҳ бӯдааст.
Маршали Афғонистон дар ин баёнияаш, аҳдофи дидору гуфтугӯҳои намояндаи Амрико ва толибҳоро ба маънои ба расмият шинохтан онҳо донистааст.
Шӯрои муқовимати миллӣ барои наҷоти Афғонистон ҳаргуна нишастиро барои Афғонистон дар суратии муфид донистааст, ки ҳамаи ҷанибҳо ва ҷараёнҳои дохил дар Афғонистон дар гуфтугӯҳо дар назар гирифта шаванд ва шарик бошанд.
Бояд қайд кард, ки баъд аз ворид шудани гурӯҳи толибҳо* ба шаҳри Кобул дар авохири моҳи августи соли 2021 Маршал Абдурашид Дӯстум ва чандин чеҳраҳои дигари сиёсӣ Афғонистонро тарк карданд ва ҳоло дар хориҷ аз кишвар зиндагӣ мекунанд.
Толибон * - ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милал қарор дорад