Намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва барномаҳои фарҳангӣ дар боғҳои шаҳри Душанбе аз ҷониби намояндагони вилоятҳо ва шаҳру навоҳии Тоҷикистон идома дорад.
Чорабиниҳои мазкур бахшида ба 32-юмин солгарди истиқлоли давлатии Тоҷикистон 9 сентябр оғоз гардида, то 15 сентябр ҷараён хоҳанд дошт.
Кишоварзону ҳунармандон аз шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав даҳҳо намуд аз дастранҷҳои худро дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ пешниҳоди тамошобинону харидорон карданд.
Сокинону меҳмонони пойтахт имкон доштанд, ки аз маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти саноатӣ, ғизоҳои миллии сокинони шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав бичашанду харидорӣ кунанд.
Аз ҷумла беш 20 номгӯи маҳсулоти тару тоза, сабзавоту меваҷот, донагӣ, гӯшти парандаю чорво бо нархҳои дастрас пешкаши сокинон гардиданд.
Маҳсулоти оҳангарӣ, табақтарошӣ, сабадбофӣ, қолинбофӣ ва дигар масҳулоти ҳунарҳои мардумӣ дар гӯшаҳои алоҳидаи намоишгоҳ пешкаши сокинон гардид.