Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Нашри навори кори ҷангии гаубитсаҳои Д-20

Дар навор нишон дода шудааст, ки чӣ гуна низомиёни ҳавзаи марказии Русия аз тӯпхонаҳо техника ва нерӯи захиравиро ба роҳ ба хатти ҷабҳа нобуд мекунанд
Sputnik
Вазорати дифои Русия навори кори ҷангии ҳайати артиллерияи гаубитсаҳои 152-мм-и Д-20-ро нашр кардааст.
Дар видео нишон дода шудааст, ки чӣ гуна низомиёни ҳавзаи марказии ҳарбии Русия дар самти Краснолиманский ҳарифро нобуд мекунанд.
Гуфта мешавад, ки ҳангоми кори ҷангӣ экипажи ҳавопаймои бесарнишин ҳаракат ва гардиши ҳайати шахсии душманро ошкор кардааст. Мақари ҳаракати рақиб ба артиллеристхо расонда шуд, омадааст дар иттилоия.
"Дар чанд дақиқа тӯпчиҳо туфангҳои худ ба ҳадафҳои таъйин шуда оташ кушода, сӯи таҷаммӯи миллатгароёни украинӣ чанд гулӯлаи дақиқ сар доданд", - омадааст дар иттилоия.
Ба иттилои Вазорати мудофаи хизматчиёни ҳарбӣ захираҳои душманро нобуд карда, гардиши кормандони Қувваҳои Мусаллаҳи Украинаро халалдор сохт.
Русия аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомӣ анҷом медиҳад.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин вазифаи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд". Ба гуфтаи раҳбари Русия, ҳадафи ниҳоии амалиёт озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.