ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Дар Маскав бахшида ба таҷлили Рӯзи истиқлоли Тоҷикистон бонувони фаъоли тоҷик як чорабинии фарҳангӣ баргузор намуданд.
Ҳамоиши мазкур аз ҷониби занони фаъоли тоҷик, ки дар шаҳри Маскав ва вилояти он дар соҳаҳои гуногун кору фаъолият менамоянд, ташкил карда шуда, дар он беш аз 100 нафар занону бонувон иштирок намуданд.
Дар ин боар Шӯрои ҷамъиятии назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав хабар додааст.
“Бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аз ҷониби занону бонувони тоҷики муқими шаҳри Москва намоиши ҳунарҳои мардумӣ, барномаи рангинӣ фарҳангӣ ташкил карда шуда, дар он оид ба дастовардҳои муҳими даврони соҳибистиқлолии кишвар, ҳифзу гиромидошти арзишҳои милливу давлатӣ ва тарбия намудани насли ҷавони кишвар дар роҳи худшиносиву худогоҳии миллӣ андешаронӣ намуданд”, - гуфт манбаъ.
Чорабинии фарҳангӣ бо иштироки 100 зани фаъол дар Маскав
© Шӯрои ҷамъиятии назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки дар чорабинии мазкур кормандони Сафорати Тоҷикистон дар Русия, Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорат дар Русия иштирок ва суханронӣ намуда.
Дар ин чорабинӣ қайд карда шудааст, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар мақоми зан – модар боло бардошта шуда, занону бонувони тоҷик дар соҳаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоии кишвари азизамон саҳмгузорӣ менамоянд.
Чорабинии фарҳангӣ бо иштироки 100 зани фаъол дар Маскав
© Шӯрои ҷамъиятии назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав
Шӯрои ҷамъятӣ зикр кардааст, ки занони тоҷик дар хориҷи кишвар барои муаррифии фарҳангу таърих, расму оинҳои миллӣ ва санъати волои мардумӣ пайваста талош намуда, дар чорабиниҳои гуногуни ҷамъиятиву сиёсӣ дар қаламрави Русия фаъолона иштирок менамоянд.