Матвиенко: Русия ба таҳкими шарикӣ бо Тоҷикистон аҳамияти хоса медиҳад

Раиси Шӯрои Федератсия Русия ба раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи истиқлоли давлатӣ барқияи табрикӣ фиристод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Русия дар шароити пуршиддати геополитикии ҷаҳон ба таҳкими шарикии стратегӣ бо Тоҷикистон, ки бо он равобити дерин ва устувор дорад, аҳамияти хоса медиҳад.
Дар ин бора дар барқияи табрикотии раиси Шӯрои Федератсия Русия Валентина Матвиенко, ки ба муносибати Рӯзи истиқлоли Тоҷикистон, ба унвони раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии кишвар Рустами Эмомалӣ ирсол шудааст, гуфта шудааст.
“Русия ва Тоҷикистон муносибатҳои дерина ва устувор доранд, ки асоси он дар ҳама давру замон риштаҳои мустаҳками дӯстӣ ва эҳтироми мутақобила буданд. Имрӯз мо дар вазъияти пуршиддати геополитикӣ ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои иттифоқӣ ва шарикии стратегӣ миёни Русия ва Тоҷикистон аҳамияти хоса медиҳем”, - гуфта мешавад дар барқия табрикотӣ.
Вазири хориҷаи Эрон ҳамтои тоҷикашро ба Рӯзи Истиқлолият табрик кард
Матвиенко интизор дорад, ки бо талошҳои мушгтарак вакилони порлумон ба равобитҳои палатаҳои болоии порлумонҳои ду кишварро “бо мақсади боз ҳам наздиктар кардани мардумон, таҳкими амнияти минтақавӣ ва ташаккули низоми одилонаи бисёрқутбӣ дар ҷаҳон мусоидат хоҳанд кард”.
Раиси Шӯрои Федератсияи Русия ба Рустами Эмомалӣ “дар фаъолияти масъулиятнок ба нафъи мардуми Тоҷикистон муваффақиятҳои калон” таманно кардааст.