Маҳсулоти ғизоӣ ва саноатии арзон дар Рӯзи истиқлолият

Деҳқонону соҳибкорони Суғд бахшида ба 32 -умин ҷашни Истиқлол дар пойтахти кишвар намоишгоҳи молу маҳсулоти кишоварзӣ ва саноӣ баргузор карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Ин намоишгоҳ дар боғи ба номи Фирдавсии шаҳри Душанбе субҳи имрӯз оғоз шуда ва қарор аст то бегоҳ идома ёбад.
Дар ин бора Маъруф Шарифиён, сардори Сарраёсати кишоварзии Суғд, ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод.
Ба иттилои манбаъ субҳи имрӯз аз ин намоишгоҳ аллакай раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидан кардааст.
Бино ба иттилоъи манбаъ, дар ин намоишгоҳ молу маҳсулоти кишоварзӣ, саноӣ ва маҳсули ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии вилояти Суғд ташкил ва маърази сокинони пойтахт гардонида шуд.
Нархи молу маҳсулоти дар ин намоишгоҳ пешкашшуда назар ба бозору мағозаҳо арзон ва барои сокинон дастрас гуфта мешавад.
Бар пояи иттилои масъулони ҳукумати Суғд дар намоишгоҳ сабзавоту полезӣ, мева, ғалладонагӣ ва дигар намуди маҳсулоти кишоварзии вилояти Суғд дар шаклҳои гуногун бо тасвирҳои зебо пешниҳод карда шуд.
Ба муносибати Рӯзи истиқлол дар Душанбе ярмаркаҳои маҳсулоти кишоварзӣ доир мешавад
Дар ин намоишгоҳ ба маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла харбузаю тарбуз, каду, картшка, пиёз, сабзӣ, лабалабу, боимҷон, қаланфури булғорӣ, помидору бодиринг, сирпиёз, карам, гулкарам, биринҷ, мош, лубиё, нахӯд, зардолу, хуч, гелос, ангур, чормағз, анор, шафтолу, олу, себ, нок, хушкмева, мағзи зардолую чормағз ва даҳҳо намуди дигари маҳсулоти кишоварзӣ, ки дар вилоят парваришу истеҳсол карда мешаванд, пешниҳод гардидааст.
Ба иттилои мақомот макони баргузории Намоишгоҳи молу маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ ба як базмгоҳи фарҳу хушҳолии сокинону меҳмонони пойтахти кишвар табдил гардидааст.
Ҳамчунин ба таври шосита ҳунарҳои мардумӣ муаррифӣ ва дар фазои пойтахт садои карнаю доира, танбуру рубоб ва суруду таронасароии аҳли ҳунару санъати тоҷик танинандоз гардид.
Мақомоти вилояти Суғд ҳамчунин хабар дод, ки деҳқонони ва мақомоти вилояти як қисми маҳсулоти ғизоӣ ва саноатиро ба хонаи кӯдакон низ ирсол намуданд.