ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Тими Тоҷикистон мусобиқаи анъанавии байналмилалӣ оид ба варзиши сабук ба хотираи Генадий Орзуманов дар Тошканд 9 медал ба даст овард.
Дар ин бора Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки аз миёни 9 медал 2 ададаш тило мебошанд. Ҳамчунин варзишгарони тоҷик соҳиби 4 нуқра ва 3 биринҷӣ шуданд.
Нишонҳои тилоро Фаворис Музрапов дар дав соҳиб шудааст Вай масофаи 100 метрро дар 10,79 сония ва 200 метрро дар 21,91 сония паси сар кард.
Медали нуқраро Муштарӣ Бобогулова дар ҳаво додани диск ба масофаи 37,95 метр соҳиб гардидааст.
Ҳамчунин дар дав ба масофаи 3 км бо монеаҳо Нигораи Амирхон ва Зуҳуршоҳи Наҷмиддин ва масофаи 400 метр бо монеаҳо Леонид Пронженко нишони нуқра гирифт.
Илдар Аҳмадиев дар ҷаҳиш ба дарозӣ ба масофаи 7,28 метр соҳиби медали биринҷӣ шудааст.
Кристина Пронженко низ дар дав ба масофаи 400 метр бо монеаҳо ва тими Тоҷикистон дар эстафетаи 4х100 медали биринҷӣ ба даст оварданд.