Сарвазири Русия ҳаҷми даромади нафтию газӣ ва ғайри онро эълон кард

Буҷаи давлатии Русия дар моҳи август бо афзоиши даромад аз хароҷот ба андозаи 230 млрд рубл иҷро гардидаст, ки асосан аз ҳисоби даромадҳои ғайринафтӣ мебошад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Дар моҳи август даромади ғайринафтию газии буҷаи Русия 1,82 трлн рублро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 56% зиёдтар аст.
Ин нуктаро нахуствазири Русия, Михаил Мишустин зимни баррасии тарҳи буҷаи федералӣ барои соли 2024 ва банақшагирӣ барои солҳои 2025 - 2026 баён дошт.
Вай таъкид намуд, ки дар зимн даромад аз бахши нафту газ низ дар моҳи сентябр аз нишондодҳои ҳамин давраи соли гузашта бештаранд.
Ӯ афзуд, буҷаи давлатии Русия дар моҳи август бо афзоиши даромад аз хароҷот ба андозаи 230 млрд рубл иҷро гардидаст, ки асосан аз ҳисоби даромадҳои ғайринафтию газӣ сурат гирифтааст.
Шумораи бекорон дар ИИАО ба таври қобили мулоҳиза кам шудааст
"Ин бештар аз ҳисоби афзоиши назарраси даромади ғайринафтӣ ва газ буд. Дар охири моҳи гузаштаи тобистон даромадҳо аз 1,82 трлн рубл гузашт", - гуфт ӯ.
Сарвазири Русия муътақид аст, чунин нишондиҳандаҳо бозгӯкунандаи рушди фаъоли иқтисодиёт мебошанд.
"Агар дар бораи даромадҳо аз нафту газ сухан гӯем, пас, сарфи назар аз фишорҳои беруна, онҳо барқарор шуданд ва ба гуфтаи Вазорати молия, аз моҳи сентябр дар пасманзари болоравии нархи нафт аз нишондодҳои соли гузашта хеле пеш рафтааст", - афзуд ӯ.
Дар мавриди ҳаҷми хароҷоти буҷаи давлатӣ, Мишустин изҳор доштаст, ки он ба нишондоди муътадил расида, дар ҷамъбасти моҳи август ба 2,24 трлн рубл баробар гардидаанд.