Нигаронии Раҳмон аз шиддати "ҷанги сард" ва пешгӯияш дар мавриди оянда

Раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суханронӣ дар ҳузури даҳҳо ҳазор низомӣ дар Душанбе аз хатарҳои муосир ҳушёр дода, онҳоро ба зиракию садоқат даъват намуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Мусаллаҳшавии бошитоб ва шиддат гирифтани "ҷанги сард" имрӯзҳо сокинони сайёра, аз ҷумла мардуми Тоҷикстонро ба ташвишу нигаронии ҷиддӣ овардааст.
Ин нуктаро раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар назди низомиёни ҷумҳурӣ дар Душанбе баён дошт.
Вай дар феҳрасти таҳдидҳо инчунин торафт вусъат пайдо кардани фаъолияти ҳаракату созмонҳои террористиву экстремистӣ ва радикалӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллиро ном бурдаст.
Паради ҳарбӣ дар Душанбе ба ривояти тасвир - аксҳо
"Коршиносон пешгӯйӣ мекунанд, ки эҳтимоли шиддати бештар пайдо кардани чунин вазъият дар минтақаву кишварҳои алоҳидаи дунё дар оянда вуҷуд дорад", - гуфт Раҳмон.
Раисҷумҳур роҳбарони сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро муваззаф кард, ки барои таъмини ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатӣ, амнияти ҷомеа ва давлат, зиндагии орому осудаи мардум ва дар сатҳи баланд нигоҳ доштани омодабошии ҷангии ҷузъу томҳо ҳамаи тадбирҳои заруриро андешанд.
Президент дар хитоб ба хизматчиёни ҳарбӣ таъкид намуд, ки бояд Ватанро баробари ҷони худ, мисли модар ва фарзандони худ дӯст доранд ва онро ҷавонмардона ҳимоя ва ҳифз кунанд.